Панди мурсиёна
Далери ҒУФРОН, махсус барои “Озодагон”
Таҳаввулоти ахир дар Миср, ки ба сарнагунии президенти ин кишвар - Муҳаммад Мурсӣ анҷомид, бори дигар бисёре аз воқеиятҳоро барои ҷомеаи мо рӯшан мекунад
Дар шароити муосир мурур ба ҳодисаҳои олам бо истифода аз имкониятҳои васеи расонаҳои хабарӣ як шуғли ҳамагонӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои дарки воқеияти Миср ва тақдири (собиқ) сарвари он - Мурсӣ шояд ховаршинос будани мо ҳатмӣ набошад.
Ҳоло шарт нест, мо ҳатман суоле гузорем, ки ин таҳаввулот то куҷо таъсири мустақим ба равандҳои сиёсии минтақаи мо дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки аксаран воқеиятҳо мисли оина намудор мешаванд, метавонанд мавриди омӯзиши ҳамагон қарор бигиранд, агарчӣ дар Миср бошанд ё дар Ҳинду Африқо.
Миёни ҳодисаҳои сиёсӣ ва қонунҳои табиӣ ҳамеша иртиботи зич вуҷуд дорштааст. Ҳамон гуна, ки ҳар ҳодисаи табиӣ (аз қабилӣ заминҷунбӣ) вақте дар як гӯшаи олам зуҳур мекунад, барои убури марзҳои ҷуғрофӣ монеае намебинад, таҳаввулотҳои сиёсӣ низ метавонанд фаромиллӣ бошанд. Дур намеравем, ҳамин «баҳори араб», ки чанд кишварро фаро гирифт, инак дар Миср бо буҳрон рӯ ба рӯ шудааст.
Хуллас, ҳодисаҳои Миср барои оламиён пандҳо ва ё мессеҷ (паём)-ҳоеро ба дунбол доранд, ки мо ба ду нуктаи муҳими он ишора мекунем:
1. Аз раванди ин ҳодисаҳо метавон пай бурд, ки дар ҷаҳони муосир вазъият дар кишварҳо имкон дорад ҳар лаҳза куллан тағйир пазирад. Ҳатто бузургтарин расонаҳои хабарӣ, ки моро ҳамеша аз ин ё он таҳаввулотҳои ҷиддӣ дар гӯшаву канори олам дар ҷараён мегузоранд, баъзан аз сар задани чунин ҳодисот як каме ғофил мемонанд. Ба он маънӣ, ки моро яку якбора дар авҷи ҳодисот қарор медиҳанд. Масалан мавҷи эътирозот дар Туркия ва инак табаддулот дар Мисрро бигирем. Чунин ба назар мерасад, ки ҳеч як расонаи хабарии олам қаблан бо итмнинон аз сар задани чунин ҳодисот ҳадс назада буд. Маълум мешавад, ки бо ин ҳама имконоти васеи назоратӣ, наметавон ҳама ҳодисаҳои сиёсиро аз пеш пайгирӣ кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки ин ҳолатҳо тасодуфан иттифоқ афтода бошанд. Таҳаввулоти сиёсие, ки моро чун ҳодисаҳои табиӣ ғофилгир мекунанд, танҳо дар зоҳир ногаҳонӣ менамоянд. Дар асл бошад, ин таҳаввулотҳо пеш аз оне, ки қиём кунанд, аз дарун пухта мерасанд. Аммо на ҳамеша аз берун эҳсосшавандаанд, махсусан дар ҳоле, ки роҳбарон бемасъулият ва якраву худкома буда, дидаву дониста воқеиятро нодида мегиранд.
2. Мурсӣ ҳамчун намояндаи ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» пас аз ҳамагӣ як соли қудрат сарнагун шуд. Оё ин муддат кифоя буд, ки ӯ худро нишон бидиҳад? Ва агар танҳо як сол пеш ӯ расман аз ҷониби аксарияти мардум ба ин мақом баргузида шуда буд, пас оё дар ин муддати кӯтоҳ ӯ ин эътимодро аз даст дод? Агар ҳа, пас саволи муҳимтар ва мушкилтаре пеши назар меояд:
вақте роҳбарон метавонанд дар давоми як сол (ва шояд ҳар лаҳзае!) мавриди беэътимодӣ қарор бигиранд, пас, чаро мо мизони боварӣ ва машруият ба онҳоро маҳз пас аз 4; 5 ва ҳатто 7 (!) сол бояд таъйид бисозем?
Шояд кишварҳои Амрико ва Аврупоро зарур аст, ки аввалин шуда масъалаи эътимоднокӣ миёни роҳбарон ва мардумро куллан бознигарӣ кунанд?
Магар вақти он нарасидааст, ки бо истифода аз имконоти технологии муосир (ки харҷу ташвиши кам дошта бошад), ҳамасола ба таври мутамаддин, дар шакли раъйпурсии электронӣ таъйиди эътимод миёни роҳбарон (ҳукумат) ва мардум ба миён гузошта шавад? Зеро бигирем солҳои ахири роҳбарии Ҷорҷ Буши хурдиро дар ИМА, ки расман гуфта мешуд, торафт эътимоди мардумро аз даст дода, дар ниҳоят ақалияти хеле кӯчак ба ӯ бовар доштаанд.
Дар ҳоле, ки ҳамагӣ як рӯз; як ҳафта; як моҳ ва як сол метавонад барои кишварҳои мардуми олам ҳалкунанда бошад, пас, шарт аст, ки мо солҳо интизор бинишинем, то муҳлати роҳбарии камҳунаре чун Мурсӣ ба поён бирасад?