Боздошти мӯйсафеди 72-сола барои корд задани фарзандаш
Мақомоти пулиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қосимов Муродҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 1941, сокини ш.Хуҷанд, нафақахӯрро дастгир намудаанд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, боздоштшуда, санаи 3-юми июли соли равон, дар хонаи истиқоматиаш, бо писараш Қосимов Раҳимҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шиками писараш задааст, ки дар натиҷа Қосимов Раҳимҷон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.