“Тарс”-и Вазорати маориф аз таъсири ҳаводиси Миср ба Тоҷикистон
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе аз қатъи ирсоли донишҷӯёни тоҷик ба Миср хабар дода, онро ба масоили амниятӣ дар ин кишвар рабт дод.
Қаблан Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон низ, зимни як нишаст дар мавзӯи “Таълими динӣ дар Тоҷикистон: Мушкилот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо” дар шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсири ҳаводиси Миср ба ҷавонони тоҷик, ирсоли донишҷӯёнро ба ин кишвар қатъ кардаанд. Ӯ изҳор дошт, ки имсол Миср барои таҳсили ҷавонони тоҷик 12 бурсия пешниҳод кард, вале Тоҷикистон онҳоро рад намуд. Ба гуфтаи Одинаев, ин ҳол то замони муътадил шудани вазъ дар Миср идома хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар Миср, зиёда аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки солҳои пеш равона шудаанд.
Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Миср ба хотири таъмини амният аз шаҳрвандони тоҷик хоҳиш намудааст, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодаму майдонҳои тазоҳурот худдорӣ кунанд. Гарчанде ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҳаводиси рӯзҳои ахири Миср, ягон шаҳрванди тоҷик зарар надидааст. Ин ниҳод теъдоди тоҷиконро танҳо дар Қоҳира, пойтахти Миср ҳудуди 400 нафар арзёбӣ мекунад.
Дар Миср чанд рӯз мешавад, садҳо ҳазор шаҳрвандон даст ба тазоҳурот зада, ба кӯчаву хиёбонҳои навоҳии ин кишвар баромадаанд. Ахиран, Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақом барканор кард. Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Дар ҳоли ҳозир эътирозҳо бо иштироки садҳо ҳазор дар ин кишвар идома доранд.