Нахустин голи Даврон Эргашев дар ҳайати клуби Қазоқистон
Даврон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва клуби «Жетису»-и Қазоқистон туби нахустини худро дар ҳайати бошгоҳи Талдикурган ба дарвозаи ҳариф ворид кард.
Тавре торнамои расмии ФФТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Даврон Эргашев дар дақиқаи 79-уми бозии даври 19-уми мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон аз масофаи 25 метр ба дарвозаи «Атирау» гол задааст. Ин дидор мусовӣ: 1:1 поён ёфт.
Даврон Эргашев, ки дар гузашта ҳимоятгари клуби «Истиқлол»-и Душанбе буд, аз аввали мавсими чемпионати Қазоқистон дар ҳайати асосии «Жетису» 18 бозӣ анҷом додааст.
Футболбози дигари яккачини Тоҷикистон Фарҳод Восиев, ки дар ҳайати «Газовик»-и Оренбург бозӣ мекунад, аллакай дар ду дидори дивизиони аввали Русия ширкат намуд. Дар бозии аввал, ки «Газовик» бо «Луч-Энергия» (1:0) қувва озмуд, Восиевро дар дақиқаи 78-ум иваз карданд. Дар дидори «Газовик» ва «Салют» (1:1) Фарҳод дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада, то поёни рақобат бозӣ кард.
Боз як ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, бозигари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Соҳиб Саванқулов имкони идомаи карйерааш дар клуби «АЗАЛ»-и Озорбойҷонро дорад. «Ҳоло Саванқулов мавриди санҷиши ин бошгоҳи футболи Боку қарор дорад. Соҳиб дар се дидори санҷишии «АЗАЛ» ширкат намуд. Саванқулов дар «АЗАЛ» боқӣ мемонад ё ба «Истиқлол» бармегардад, ояндаи наздик маълум хоҳад шуд»,-менависад манбаъ.