Бекор шудани моддаи «тӯҳмат» аз кодекси ҷиноӣ қадами аввалин аст
Дар Қирғизистон дигар барои «тӯҳмат» парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намекунанд.
Зимнан, Дуня Миятович, масъули САҲА дар масоили озодии баён имрӯз Қирғизистонро ситоиш кард, ки нахустин шуда дар қаламрави Осиёи Марказӣ иттиҳоми марбут ба тӯҳмату бӯҳтонро аз кодекси ҷиноӣ соқит кард. Дар баёнияи САҲА омадааст, “бекор шудани парвандаи ҷиноӣ марбут ба тӯҳмату бӯҳтон ба таҳкими озодии баён дар кишвар мусоидат хоҳад кард”. Президенти Қирғизистон, хонум Роза Отунбоева рӯзи 11 июл тағйироту иловаҳо ба Кодекси нави ҷиноиро имзо кард, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби парлумон қабул шуда буд.
-Муҷозоти боқимонда мисли «таҳқиру тавҳин» ва «таҳқири мақоми давлатӣ»дар қонуни ҷиноӣ ҳам бекор хоҳад шуд, то ки аз истифодаи он барои маҳдуд кардани озодии баён дар Қирғизистон ҷилавгирӣ шавад, афзудааст Дуня Миятович.{jathumbnail off}