Додситонии кул: Боздошти Додоҷонро аз Русия дархост накардаем
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, барои боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дархости наве ирсол накардааст.
Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Пркуратураи генералӣ имрӯз 15-уми июл дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, “аз боздошти Атовуллоҳ ҳеч хабар надорем ва барои боздошти ӯ ҳеч гуна дархосте низ ирсол накардаем.” Сангов аз додани иттилоъ дар мавриди он, ки мақомоти тоҷик айни ҳол Додоҷони Атовуллоҳро дар чӣ муттаҳам мекунанд, худдорӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Додоҷон мегӯянд, ӯ соати 11:37 дақиқаи рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт гардидааст. Ин иттилоъро яке аз наздикони оқои Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард ва гуфт, боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, ба Русия бармегашт. Мусоҳиби мо афзуд, "дар як тамоси кӯтоҳ гуфтанд (Додоҷони Атовуллоҳ), ки ин боздошт бо дархости ҷониби Душанбе сурат гирифта, дархост аз номи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст."
Ҷузъиёти боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, то ҳол маълум нест. Вале худи ӯ чанде пештар гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон дархости 27-умашро барои боздошт ва таслими ӯ ба Маскав ирсол кардааст. Иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон таъйид накарданд.
Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.
Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.