Барканориҳо ва таъиноти нав дар Туркманистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, зимни ҷаласае рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишварро дар давоми 6 моҳи ахир баррасӣ карда, бархе аз раҳбарони корхонаву вазоратҳои туркманро барканор кард.
Ба иттилои “turkmenistan.ru”, бо қарори ҳукумати Туркманистон Фарҳод Мередов, раиси Корхонаи давлатии “Туркманавтоюлларӣ” (Роҳҳои мошингарди туркман), Ҷумакелдӣ Байрамов, вазири сохтмон, Анангул Деряев, раиси Корхонаи “Туркманнебит” (туркманнефт), Тор Ягшимурудов, раиси Иттиҳодияи давлатии “Туркмангеология” ва Алибердӣ Хоҷабердиев, раиси Кумитаи давлатии моҳипарварии Туркманистон бар канор шудаанд.
Инчунин бо қарори дигари ҳукумати ин кишвар, Дадабой Аминкелдиев, раиси Корхонаи давлатии “Туркманавтоюлларӣ” (Роҳҳои мошингарди Туркманистон), Бодур Эрашов, вазири сохтмон, Раҷабкелдӣ Иламанов, раиси Корхонаи “Туркманнебит”(туркманнефт), Отатурдӣ Бердиниёзов, раиси Иттиҳодияи давлатии “Туркмангеология” ва Даврон Хоҷамуродов, раиси Кумитаи давлатии моҳипарварии Туркманистон таъин карда шуданд.
Бо қарори раисиҷумҳури Туркманистон, вазифаи вазири саноати ин кишвар муваққатан бар дӯши Сафармурод Оразмуродов, муовини раҳбари ин ниҳод гузошта шудааст.