Муҷозоти волидон барои беҳудагардии фарзандон
Дар Узбакистон волидайнро барои беҳудагардии фарзандонашон муҷозот хоҳанд кард.
Парлумони Узбакистон лоиҳаи қонун дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни маъмурии ин кишварро баррасӣ дорад.
Бар асоси ин лоиҳа, дар сурати саркашии фарзанд аз гирифтани маълумот миёна волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда муҷозот мешаванд: “Тибқи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба моддаи 30-юми Қонун дар бораи маорифи Узбакистон падару модар ё шахсони масъул барои пурра фаро гирифта шудани фарзанди ноболиғи худ бо таълимоти 12-сола муваззаф мебошанд.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти узбак дар соли таҳсили 2012-2013 сӣ дарсади донишомӯзони коллеҷу литсейҳои академӣ, ки бидуни ягон сабаб дар дарсҳо ҳузур надоштаанд, наврасон ё худ ноболиғон ба шумор мераванд.