Хадамоти гумрук беш аз 200 ҳолати воридоти ғайриқонунии сӯзишвориро ошкор кард
Хадамоти гумруки Тоҷикистон 2500 автомашинаро ошкор кардааст, ки талош доштаанд, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон сӯзишвории қочоқӣ ворид намоянд.
Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук имрӯз, 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, танҳо аз ҳисоби барасмиятдарории сӯзишвории қочоқӣ ба буҷет 69 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Раҳматов мегӯяд, Қирғизистон аз нигоҳи воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон қариб ба ҷои якум баромадааст. Ӯ ташреҳ дод, ки сӯзишвории Русия, ки ба Қирғизистон бе пардохти боҷи содиротӣ ворид мешавад, нархи арзон дорад ва он ба Тоҷикистон реэкспорт мегардад.
Хадамоти гумрук мегӯяд, дар умум 221 ҳолати воридоти ғайриқонунии сӯзишворӣ ба миқдори 3 509 460 литр бензин, сӯзишвории дизелӣ ва равғани молиданӣ ошкор карда шуда, ба маблағи 950 353 сомонӣ ҷарима ва 3 479 695 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудааст.