Ҳимояти раиси Румӣ аз ҳазфи калимаи “Ислом” аз номи ҲНИТ
Амирулло Холов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, имрӯз, 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ аз пешниҳод барои ҳазфи калимаи “Ислом” аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пуштибонӣ намуд.
Холов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар ин бобат мусоидат намоянд: “Ҳар як нафар хато мекунад. Чи хеле домулло Абдурраҳим, ки қумандони собиқ оппозитсия буд, хеста бахшиш пурсид. Гуфт, ман дар назди миллат ва сардори давлат хато кардам. Дар ин бобат бояд - шумо рӯзноманигорон низ мусоидат кунед. Диндор кори худ, ислом кори худро бояд кунад.”
Амирулло Холов, иқрор кард, ки худаш низ хато кардааст ва ахиран, зимни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, танқид шунида буд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми июл, ҳангоме, ки як қатор иншоотҳои навро дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, гуфтааст, ки дигар дар маркази ноҳия иншооти якошёна не, балки ду ва сеқабата бунёд намоед. Холов бо эътироф аз ин нукта зикр кард, ки “Ҷаноби Олӣ бисёр эроди хуб гирифт. Мо ки таҷрибаамон - 1 солу ду моҳ, кам аст, ба ин чиз роҳ додем. Дар оянда ҷаҳд мекунем, ки биноҳои дуошёнаву сеошёна созем.”