Суди олии иқтисодӣ даъвои Ҳасан Асадуллозодаро баррасӣ накард
Наим Мансуров, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ба ин додгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон шаш парванда бо иштироки шахсони хориҷӣ ворид гардидааст.
Наим Мансуров, рӯзи 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ширкати “Венстранстрой”-и шаҳри Маскав алайҳи НОБ – и “Сангтуда 1” дар бораи руёнидани 5 миллиону 673 ҳазору 916 сомонӣ даъво бурдааст, ки феълан мавриди баррасӣ қарор дорад. Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон афзуд, ки даъвои ҶДММ “Таком-Голд”-и Қирғизистони мутааллиқ ба Ю. Шербаков низ нисбати ширкати “Синзян-Лтд”-и Чин, дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурӯш, рад карда шудааст: “Инчунин даъвои “Давлатбелтранс”-и Мински ҷумҳурии Белоруссия нисбати соҳибкори инфиродӣ Раҷабов, дар бораи рӯёнидани 2 миллиону 220 ҳазор сомонӣ рад гардид.”
Наим Мансуров инчунин иттилоъ дод, ки намояндаи ваколатдори Ҳасан Асадуллозода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ алайҳи Ю. Шербаков, шаҳрванди Қирғизистон ва ҳамҷавобгар, ҶДММ “Таком-Голд” даъво бурда, талаб кардааст, ки протоколи ҳамкориҳояшон беэътибор дониста шавад. Раиси Суди олии иқтисодӣ гуфт, даъвои намояндаи Ҳасан Асадуллозодаро ба баррасӣ нагирифтаанд, чун ин даъво аз рӯи тобеият ба Суди шаҳрии иқтисодӣ дахл дорад ва ба он ҷо ирсол шудааст.
Наим Мансуров гуфт, шумораи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд шудааст: “Соли гузашта дар Тоҷикистон 8 парвандаи хориҷӣ баррасӣ шудааст, ки 4 адади он ба нимсолаи аввал рост меомад.”