“Ҷиҳод”-и баъзе аз шаҳрвандони Туркманистон дар Сурия
Дар Сурия чанд шаҳрванди Туркманистонро боздошт намудаанд, ки муқобили нерӯҳои ҳукумати Димишқ меҷангидаанд.
Нерӯҳои артиши ҳукумати Сурия чанд тан аз афроди гуруҳи “салафӣ”-и бо номи “Маротиб”-ро, ки шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравиро ба ҷанги дохилии Димишқ барои “ҷиҳод” ҷалб менамудааст, боздошт кардаанд.
Ба навиштаи хабаргузории “johinanews”-и Сурия миёни нафарони боздоштшуда, шаҳрвандони Туркманистон низ мебошанд, ки яке аз онҳо Равшан Исҳоқов будааст. Ӯ гуфтааст, чанд моҳи қабл ҳамроҳи хонаводаи худ ба нияти “ҷиҳод” ба қаламрави Сурия ворид шудааст.