Додситонии Маскав гуфт, муҳоҷирон камтар ҷиноят содир мекунанд
Додситонии шаҳри Маскави Русия мегӯяд, мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатии ин шаҳр ду баробар коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои хабаргузории “Итар-ТАСС”, Сергей Куденеев -- додситони Маскав гуфтааст, ин ниҳод тавонист дар давоми се соли охир мизони ҷинояткориро миёни муҳоҷирони кории пойтахти Русия ду баробар коҳиш диҳад.
Ба гуфтаи Куденеев, агар дар соли 2008 16 ҳазор ҳолати содир намудани ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондод дар соли 2012 ба 8 ҳазор поин фаромадааст. “Вале ҳанӯз 20%-и ҷиноятҳо аз тарафи муҳоҷирон сар мезананд”,-афзудааст ӯ.
Додситони шаҳри Маскав гуфтааст, шумораи муҳоҷирони корӣ дар соли 2012 нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст: “Дар соли гузашта 1 миллиону 745 ҳазор муҳоҷири корӣ дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст. Албатта, ин рақамҳо расмӣ мебошанд, шояд теъдоди ғайрирасмӣ аз ин ҳам зиёд бошад.”