Тахфифҳои 15%-а аз “Тоҷикматлубот”: Танҳо дар моҳи Рамазон
“Тоҷикматлубот” барои моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти хурокаро дар тамоми нуқтаҳои савдояш то 15 фоиз арзон кардааст.
Сироҷиддин Валиев, раиси “Тоҷикматлубот”, имрӯз, 19-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ин иқдом танҳо давоми Рамазон амалӣ шуда, баъдан маҳсулоти ғизоӣ боз бо нархи муқаррарӣ фурӯхта хоҳанд шуд: “То анҷоми Рамазон гӯшти гов 29 сомонӣ ва бузу гусфанд 30 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Нарх дар бозорҳою дӯконҳои хусусиро танзим карда наметавонем, аммо дар мағозаҳои “Тоҷикматлубот” назорат мекунем. Бо ин мақсад 110 сар чорвои калон ва 70 сар чорвои майда харид карда шудааст.”
Зимни нишасти “Тоҷикматлубот” қайд гардид, ки дар нимасолаи аввал ба Русия зиёда 1000 тонна пиёз, 170 тонна мевагӣ, 57 тон меваи хушк фиристода шуда, инчунин ба Афғонистон зиёда аз 1600 тонна пиёз, 16 тонна сабзавотҳои дигар, ба Қазоқистон, 450 тонна ба Кирғизистон ва кишварҳои дигар содрот шуд.
Ба гуфтаи раиси “Тоҷикматлубот” содироти маҳсулоти ғизоӣ барои таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти дохилӣ ягон зараре намеорад: “Мо метавонем ҳам аҳолии Тоҷикистонро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем ва ҳам ба дигар кишварҳо содир намоем. Имсол боз кушиш мекунем, ки содиротро 3 маротиба зиёд намоем, маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтаанд.”