Ҷавоби раисиҷумҳури нави Эрон ба номаи Эмомалӣ Раҳмон
Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ба густариши равобити дуҷонибаи Теҳрону Душанбе таъкид кардааст.
Дар паёми Рӯҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки чанде қабл дар расонаҳои эронӣ нашр гардид, омадааст: “Равобити Тоҷикистон барои Эрону мардумаш як маънои хос дорад. Бахусус, дар ҳоле, ки ин ду кишвар решаҳои муштараки фарҳангӣ, одобу русум, суннат ва забонӣ доранд.” Инчунин дар ин паём, ки дар посух ба номаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, таъкид шуда, ки ин решаҳои муштарак кафолати муътамади густариши равобит миёни Эрон ва Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ ба Ҳасан Рӯҳонӣ барои пирӯзӣ дар интихоби раёсати ҷумҳури Эрон номаи табрикотӣ ирсол карда буд.
Ҳасан Рӯҳонӣ намояндаи ислоҳталабони Эрон бо ба даст овардани аксарияти оро рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ барои чаҳор соли оянда раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардид. Ӯ 12-уми ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст.