Ҳукумов гуфт, Узбакистон муштариёнашонро “мегурезонад”
Амонуллоҳ Ҳукумов, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мегӯяд, ранҷу азоб дар қаламрави Узбакистон боиси он шудааст, ки мусофирон аз истифодаи хидмати роҳи оҳан худдорӣ мекунанд.
Амонуллоҳ Ҳукумов, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, ранҷу азоб дар қаламрави Узбакистон боиси он шудааст, ки мусофирон аз истифодаи хидмати роҳи оҳан худдорӣ мекунанд.
Ҳукумов имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз сиёсати Узбакистон дар мавриди қаторҳои Тоҷикистон интиқод намуда, афзуд, “дар роҳи давлати ҳамсоя мусофиронро бисёр ғам медиҳанд. Ин сабаби асосии кам шудани мусофирони мо аст. Аз соли 2009 қарори махсуси ҷумҳурии Узбакистон барои кам кардани ҳаҷми боркашонӣ дар қитъаи транзитии роҳи оҳани Тоҷикистон кабул карда шуд, ки ин характери сиёсӣ дорад.”
Оқои Ҳукумов илова намуд, ки ахиран аз абарқудратҳо, аз ҷумла Амрико дархост кардаанд, ки ба ин масъала расидагӣ намояд: “Мо ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон навиштем, ки агар як журналист ё нафари дигарро қапанд дар тамоми дунё бонг мезанед. Як солу 8 моҳ мешавад, ки ҳамаи боркашонӣ ё ба минтақаи Душанбе сурат мегирад ё ба вилояти Суғд ва аз он ҷо ба Хатлону ВМКБ интиқол дода мешавад. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар хароҷоти иловагӣ мешавад. Дар инҷо ҳамаи гап дар сари Роғун аст.”
Раиси роҳи оҳани Тоҷикистон ҳаҷми хисороти яксола аз монеасозиҳои Узбакистонро ҳудуди 50 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд. Дар мавриди самараи кораш Амонулло Ҳукумов афзуд, ки вақте сардори роҳи оҳан таъин шуд, ин корхона сад миллион доллар қарздор буд: “Баъзе кормандони корхона то як солу ду моҳ маош намегирифтанд. Вагонҳои мусофиркашониро баста буданд, як солу се моҳ вагонҳои боркашонӣ намеомаданд.”
Бо зикри ин ҳама ва хизматаш дар бартарафсозии онҳо Ҳукумов таъкид намуд, ки “баъзан, моро ҳам қаҳр мекунад вақте журналистон надониста матлабе менависанд.”