Муҷозот барои нигоҳдории китобҳои динии ғайриисломӣ
Шаҳрвандони Узбакистон барои нигаҳдории адабиёт ва маводи савтию тасвирии хусусияти динидошта дар хонаҳояшон муҷозот мешаванд.
Ба навиштаи Оҷонси “Форум-18”, чанде қабл ҳудуди 15 нафар аз кормандони пулиси узбак хонаҳои деҳаеро, воқеъ дар наздикии шаҳри Тошканд, бо фаъолони ин маҳалла мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз хонаҳои аксари сокинони ин маҳалла китобҳои динӣ дарёфт ва мусодира шудаанд.
Аз ҷумла, аз хонаи Турдихон Азизова китоб ва фиттаҳое дар бораи зиндагиномаи ҳазрати Исо дарёфт намуда, мусодира шудаанд. Инчунин аз манзили Мукаррам Акбархоҷева 69 адад китоб, ки аксарияташон бо забони англисӣ мебошанд, аз манзили Дилором Буриева китоби Таврот ва 15 китоби масеҳӣ ёфт шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти пулиси ин минтақа, афроде, ки аз хонаҳояшон маводи динӣ ёфт шудааст, ба додгоҳ кашида шуда, муҷозот карда хоҳанд шуд. Манбаъ мегӯяд, ахиран муовини аввали вазири адлияи Узбакистон дар Шӯрои Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тавсия дар мавриди ҷиноят наҳисобидани тағйири бовариҳои диниро рад карда, гуфта буд: “Барои мо ҳамоҳангии мазҳабӣ бисёр муҳим мебошад. Ин як масъалаи бисёр ҳассос аст. Ҳаргуна мухолифатҳо дар ин замина метавонад оқибати нохуберо дошта бошад.”
Вале ин мақоми узбак аз равшанӣ андохтан дар бораи муҷозоти афроди тағйири мазҳабнамуда худдорӣ кард.