Ришсафедони туркман барои кумак ба Бердимуҳаммадов гирдиҳам меоянд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон аз баргузории маҷлиси Шӯрои ришсафедони туркман дар арафаи 22-умин солгарди истиқлолияти кишвараш хабар дод.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Бердимуҳаммадов гуфтааст, ин шӯро моҳи октябри соли равон дар вилояти Дашогузи Туркманистон баргузор хоҳад шуд. Раисиҷумҳури Туркманистон мегӯяд, дар ин иҷлоси якрӯза тамоми масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисоди кишвараш барои соли 2014 баррасӣ хоҳад шуд.
Шӯрои ришсафедони Туркманистон, яке аз ниҳодҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоии ин кишвар маҳсуб шуда, бо вуҷуди баргузории як нишаст дар сол, нақши арзандаеро дар сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми туркман дорад.
Шӯрои мазкур дар пайи фурӯпошии Маҷлиси маслиҳати халқи Туркманистон дар соли 2008 ташкил шудааст. Он яке аз ниҳодҳои муҳимми нимадавлатӣ ва ниҳоди машваратию мардумии ин кишвар бо раҳбарияти раёсати ҷумҳур мебошад, ки дар як сол як бор гирдиҳам омада, ба хотири кумак ба давлат масоили мубрами сиёсию иҷтимоиро ҳаллу фасл мекунад.
Ин шӯро муташаккил аз 600 ришсафеди фаоли туркман аз 5 вилоят ва шаҳри Ашқободи ин кишвар аст, ки шомили шахсиятҳои маъруф аз 60-сола боло ва дорои собиқаи муфидовар мебошад. Дар маҷмуъ ба иҷлоси он ҳудуди се ҳазор нафар ба таври расмӣ даъват мешаванд.