Президент ҳайати ҳукуматро барои кори хуб ба рухсатӣ фиристод
Ҳукумати Туркманистон шурӯъ аз 21-уми июл ба рухсатии кӯтоҳмудат рафт. Дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури ин кишвар амр кардааст.
Вай сабаби ин тасмимро дар натиҷаи хуби рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар нимсолаи сипаришуда арзёбӣ кардааст.
Рухсатии раҳбарони вазорату идораҳои Туркманистон то 31-уми июл идома хоҳад кард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, онҳо метавонанд дар осоишгоҳҳои маъруфи кишвар истироҳат кунанд.
Худи Бердимуҳаммадов тасмим гирифтааст, рухсатияшро дар вилояти Балкан гузаронад. Ин вилоят дар соҳили Каспий ҷойгир буда, соли 2007 ҳамчун минтақаи туристӣ эълон шуд.
Анъанаи ба рухсатии якҳафтаина ё даҳрӯза фиристодани ҳайати ҳукумат дар Туркманистон баъди ҷамъоварии ғалла ҳанӯз замони салтанати президенти аввали ин кишвар Сапармурод Ниёзов роиҷ буд.