“Тоҷиктрансгаз”: Имсол ба гумон аст, ки аз Узбакистон газ гирем
Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси “Тоҷиктрансгаз” имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, гуфтушунидашон бо мақомоти узбак дар мавриди газ натиҷае надодааст.
Шарофиддинов гуфт, дар сатҳи ҳукумат чандин мактуб ба мақомоти узбак ирсол гардид, ки ба ягонтояшон посух надодаанд: “Не ҳа мегӯянд, на не. Хуллас имсол ба гумон аст, ки аз Узбакистон газ гирем. Айни ҳол барои истихроҷи гази худӣ ширкатҳои бузург ҷалб шудаанд ва умедамон танҳо ба онҳост.”
Узбакистон аз 1-уми январи соли равон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намуда, муъҷиби ихтисори нисфи кормандони “Тоҷиктрансгаз” ва қатъи кори калонтарин корхонаи сементбарорӣ “Тоҷиксемент” шудааст.