Варзишгарони тоҷик дар Сочӣ 16 медал гирифтанд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ 3 медали тило ба даст оварданд.
Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ рӯзҳи 21-ум ва 22-юми июли соли равон дар толори варзишии “Спартак”-и шаҳри Сочӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва 4 даста аз Точикистон ҳунарнамоӣ карданд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 14 варзишгар дар синну соли гуногун муаррифӣ карданд, ки дар натиҷа се медали тило, 6 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳайати 30-нафараи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Аҳтам Хокиров, президенти лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон роҳбарӣ кард.
Ҳамчунин рӯзи 23-юми июл, варзишгарони навраси тоҷик бо варзишгарони шаҳри Сочӣ вохӯрии дӯстона доир карданд, ки аз 7 вохӯрӣ дар панҷ вохӯрӣ варзишгарони тоҷик ва дар ду вохӯрӣ варзишгарони Сочӣ ғолиб омаданд. Ин вохӯриҳо дар толори варзишии “Фанат”-и шаҳри Сочӣ сурат гирифтанд.