Омодагӣ ба МҚҶ-2018 аз таъмири роҳхо оғоз мешавад
Барои омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 Русияро зарур аст, беш аз 600 миллиард рубл ихтисос бидиҳад.
Тибқи ҳисоби вазири варзиш ва ҷаҳонгардии Русия ҳаҷми хароҷотҳое, ки ҷиҳати омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон ҳукумати кишвараш бояд масраф намояд 632 миллиарду 373 миллион рублро ташкил медиҳад. Ба иттилои нашрияи "Известия" бахши аъзами ин маболиғ барои бунёди инфрасохторҳое масраф мешавад, ки ба варзиш иртиботи мустақим надоранд. Қисмати аслии хароҷотҳо (ҳудуди 242 милиард рубл) ба тармим ва азнавсозии роҳҳо марбут будааст. Барои бунёд ва барқарорсозии варзишгоҳҳо бошад, тибқи нақша зиёда аз 123 милиард рубл сарф хоҳад шуд.{jathumbnail off}