Чаро Амрико дар ин мақтаъ аз мудохилаи низомӣ дар Сурия сухан мегуяд?
Дар ҳоле, ки як тарафи ихтилофи густарда дар ҷамъи муборизони сурӣ афтода ва аз тарафи дигар Фаронса ва Англия аз ирсоли кумак ба шуришиён худдорӣ кардаанд, амрикоиҳо аз эҳтимоли дахолати низомӣ дар Сурия сухан ба миён овардаанд.
Ба гузориш хабаргузории “Форс”, моҳи майи соли равон буд, ки генерал Мартин Дампасӣ, раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар бораи “авоқиби ваҳшатнок”-и мудохилаи низомӣ дар Сурия ҳушдор дод ва тасмим гирифт дар бораи мусаллаҳ кардани мухолифони суриро зудҳангом тавсиф кунад.
Аммо ҳануз ду моҳ аз ин ҳушдори қотеъона нагузашта буд , ки генерал Домпасӣ бори дигар вориди саҳна шуд ва ин бор суханоне бар забон овард, ки дар тазоди комил бо мавзеъгирии пешини вай қарор дошт. У дар ҷамъи аъзои кунгураи Амрико эълон кард мақомоти Вашингтон дар ҳоли баррасии дахолати низомии мустақим дар Сурия ва ҳамла ба бархе аҳдоф дар ин кишвар ҳастанд!
Вай афзуд: масъалаи ҳамлаи низомӣ ба Сурия амре аст, ки дар ҳоли ҳозир барои машварат ба ниҳодҳои мутахассис дар давлати Амрико ироъа шудааст.
Ин изҳороти Домпасӣ дар пайи он эрод шуд, ки аъзои кунгураи Амрико, давлати Обамаро ба хотири *адами талоши бештар барои поён додан ба даргириҳои Сурия* дар беш аз ду соли гузашта, таҳти фишор қарор додаанд.
Аммо нуктае , ки чаро баъд аз ду сол амрикоиҳо дар ин мақтаъ ба фикри мудохилаи низомӣ дар Сурия афтодаанд? чаро дар ҳоле, ки чанд моҳ аз итиҳомзании ғарб ба низоми Сурия мабнӣ бар истифода аз таслиҳоти шимиёӣ мегузарад, Барак Обама моҳи гузашта эълон кард, ҳукумати Башор Асад бо истифода аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мухолифон аз хати сурхе, ки ин кишвар барои дахолати низомӣ дар Сурия дар назар гирифта, убур карда аст?
Иллати ин чархишро метавон дар ду рухдод ҷустуҷу кард. Нахуст вуҷуди ихтилоф миёни мухолифони сурӣ аст, ки авҷи он дар интихоботи раиси ҷадиди эътилофи мухолифони сурӣ дар хориҷ аз ин кишвар ва низ террори яке аз фармондеҳони гуруҳи мавсум ба артиши озоди Сурия ба дасти гуруҳи дигаре мавсум ба давлати Ироқ ва Шом намуд пайдо кард.
Ин маворид дар канори шикастҳои пайдарпайи онҳо аз артиши Сурия муҷиби тазъифи шадиди онҳо ва тақвияти мавзеъи Асад шудааст. Пешрафтҳои артиши Сурия дар поксозии манотиқи таҳти контроли шуришиён аз ҷумла Ал-қайсар ба андозае чашмгир будааст, ки ҳатто бархе аз сахттарин душманони у низ изъон кардаанд мавқеияти у нисбат ба моҳҳои қабл беҳтар шудааст.
Аммо омили дигар низ дар моҷарои тағйири мавзеъи Амрико барои гуфтан аз дахолати низомӣ дар Сурия дахил будааст ва онҷо ҳолӣ кардани бархе аз мутаҳҳидони он будааст. Англия ва Фаронса, ки аз авохири соли гузашта ҳама таҳдид карда буданд дар сурати нодида гирифта шудани дархосташон ба таври якҷониба вориди амал мешаванд, ҳамакнун дар мавзеъи пешини худ ақиб нишастаанд, он ҳам дуруст муддати кутоҳе баъд аз онки аъзои иттиҳодияи Аврупо ба лағви таҳрими ирсоли силоҳ ба шуришиён назари мусбат доданд.
Ҳар кадом аз онҳо (Фаронса ва Англия) низ баҳонае барои ақибнишинии худ доштанд. Ба унвони мисол рузномаи Дейли Телегроф ба нақл аз манбаъи наздик ба дафтари нахуствазирии Англия навишт, Девид Комерун аз ирсоли силоҳ барои мухолифони давлати Сурия ба дахолати бештар дар ин кишвар мунсариф шудааст.
Зоҳиран ин тасмим пас аз он иттихоз шуд, ки ҷамъе аз фармондеҳони низомии шурои амнияти миллии Англия ба Комерун нисбат ба нигарониҳои мавҷуд дар мавриди артиши Сурия ва табаъот ва дахолатҳои бештар дар ин кишвар ҳушдор додаанд.
Ин фармондеҳони низомӣ ба нахуствазири Англия ҳушдор додаанд бо қудрате, ки артиши Сурия дорад ирсоли таслиҳот ва мушакҳои сабук барои мухолифон мушкилеро дар Сурия ҳал намекунад. Илова бар ин дағдағаи фазояндае вуҷуд дорад мабнӣ бар инки таслиҳоти ирсолӣ ба Сурия ба ҷойи онки ба мухолифони миёнаравтар бирасад, ба дасти гуруҳҳои ифротӣ биафтад, ки ҳамин амр метавонад асари акс диҳад ва амнияти Англияро дар маърази таҳдиде баландмуддат қарор диҳад.
Ҳамзамон низ давлати Фаронса эълон кард ба мухолифони Сурия ҳеч навъ силоҳи сабук ва ё силоҳи сангин нахоҳад дод ва кумакҳои ин кишвар танҳо ба тачҳизоти ғайрикушанда маҳдуд хоҳад шуд. Зоҳиран иллати тасмими фаронсавиҳо низ мушобеҳи англияиҳост. Давлати Фаронсуво Улонд аз мухолифони Сурия хост то тазминҳоеро ироъа диҳад, ки собит кунад силоҳҳо ва тачҳизот ба дасти гуруҳҳои тундрав дар Сурия нахоҳад афтод.
Шояд маҷмуъаи ин авомил буда, ки амрикоиҳоро ба фикри чорае албатта аз навъи таблиғотӣ андохта то бо кубидан бар табл аз таъсироти манфии мавориди боло бикоҳад. Бояд мунтазир монд ва дид бо ин шароит оё амрикоиҳо воқеъан қасди ба роҳ андохтани ҷанги дигар дар Ховари Миёнаро доранд ё на.