Ҳисоботи Қодири Қосим баъди ёдбуди қурбониёни Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як рӯз пас аз ёдбуди қурбониёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ, телефонӣ бо Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшони куҳӣ суҳбат доштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат Қодири Қосим аз рафти сохтмони иншооти шаҳру навоҳии ин вилоят, ки аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, ҳисобот дода, аз талоши худ барои ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон ҳарф задааст.
Ба иттилои манбаъ дар баробари Қодири Қосим рӯзи 25-уми июл инчунин раисони навоҳии Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ба раисиҷумҳури кишвар ҳисобот додаанд. Раисони ин навоҳӣ вазифадор шудаанд, ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016, аз ҷумла дар роҳи ба 1 миллион тонна расондани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ талош кунанд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Бадахшон ва навоҳии мазкур таъкид кардааст, ки барои омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.