Иштироки варзишгарони тоҷик дар Мусобиқоти бозиҳои исломӣ
Варзишагрони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқоти бозиҳои исломӣ ба Индонезия сафар мекунанд.
Мусобиқоти бозиҳои исломӣ 22-уми сентябри соли ҷорӣ дар Индонезия баргузор гардида, қарор аст, мунтахаби Тоҷикистон дар он ширкат варзад. Ин мусобиқот иборат аз 18 навъи варзиш, аз ҷумла, волейбол, вазнбардорӣ, тениси рӯи миз, тирандозӣ, воскетбол мебошад.
Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло ҳайати иштирокдорони варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот муайян нашудааст.
Мусобиқоти бозиҳои исломӣ қарор буд, моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шавад. Вале ба гуфтаи ташаббускоронаш бо сабаби омода набудани майдонҳои макони мусобиқот ба таъхир гузошта шуд. Мавқуфгузории Мусобиқоти бозиҳои исломӣ бори аввал набуда, дар гузашта низ борҳо ба таъхир афтода буд.