Толибон гуфтаанд, кормандони пулисро мутобиқи шариат ҷазо хоҳанд дод
12 корманди пулиси минтақаи Шаҳҷойи вилояти Зобули Афғонистон аз сӯи як гуруҳи мусаллаҳ ба асорат гирифта шудааст.
Бино ба иттилои расида, қабл аз он ки пулисҳо гаравгон гирифта шаванд, онҳоро бо маводи мухаддир заҳролуд кардаанд.
Масъулияти ин амалро «Толибон» бар уҳда гирифтааст. Ба қавли намояндагии онҳо кормандони пулисро дар пайи шикояти сокинони маҳаллӣ, ки гӯйё шиканҷаву озорашон медодаанд, боздошт кардаанд. Онҳо гуфтаанд, пулисҳоро мутобиқ ба қонунҳои шариат муҷозот хоҳанд кард.
Мақомоти Афғонистон дар робита ба рабуда шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ парванда боз карда, ба ҷустуҷӯи гаравгонҳо машғуланд. Аммо то кунун ба дарёфти ҳеч нишоне муваффақ нашудаанд.