Озмуни байналмилалии қориён дар Дубай ҷамъбаст гардид
Назмус Соҳиб Руммон, ҳофизи Қуръон аз Бангладеш дар даври ниҳоии озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай аз 13 рақибаш пеш гузашта, ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Ба панҷгонаи беҳтаринҳо Иброҳим Саид аз Яман, Муҳаммад Ашраф аз Миср, Улуламри Ҷаҳониддин аз Индонезия ва Аҳмад Ҳарир аз Афғонистон ворид гардидаанд. 17-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай, ки 11-уми июл бо иштироки 90 қорӣ аз кишварҳои ҷаҳон оғоз шуда буд, тибқи иттилои сомонаи “gulfnews.com” аз ҷониби шаш шайх аз Арабистони Саудӣ, Миср, Таиланд, Туркия ва Аморати араб баҳогузорӣ шудааст.
Луқмон Абдураҳмонов, қории 12-солаи тоҷик низ ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёфта буд, вале ба панҷгонаи беҳтаринҳо ворид нагардидааст. Бо вуҷуд намояндагони ҳокими Дубай гуфтаанд, қории тоҷик ва иштирокчиёни дигари даври финалиро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарафроз хоҳанд кард.
Луқмон дар суҳбат бо “gulfnews.com” гуфтааст, аз синни шашсолагӣ ба ҳифзи Қуръон оғоз кардааст: “Аввалан мехостам, як саҳифаро ҳифз кунам, баъдан дуюм ва ҳамин хел давом ёфт. Дар аввал дар як рӯз як саҳифаро азёд мекардам, баъдан 1,5 саҳифа ва ниҳоят дар синни 10-солагӣ Қуръонро хатм кардам. Чун арабӣ забони модариям нест, дар марҳиллаи аввал барои ман ин як мубориза буд.”
Луқмон Абдураҳмонов гуфтааст, ин сеюмин озмун аст, ки ӯ ширкат дорад. Ӯ гуфтааст, ба озмуни байналмилалӣ дар Дубай баъди ғолибияташ дар озмуни қориёни Қуръон дар Маркази исломии Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ӯ афзудааст, ки дар оянда мехоҳад духтур шавад.