Духтари афғон дар Тоҷикистон репсароӣ омӯхта, барои мубориза ба Ватан баргаштааст
Парадис Сурурӣ, як духтари 28-солаи афғон, ки чандин солҳо дар Тоҷикистон гуреза будааст, репсароиро омӯхта чор моҳ пеш ба Ватан баргаштааст ва ният дорад, якумин духтари репсарои Афғонистон бошад.
“Вашингтон пост” аз қавли Парадис менависад, дар замони Толибон волидайнаш аввал ба Эрон муҳоҷир мешаванд ва баъдан ба Тоҷикистон омадаанд ва маҳз дар Тоҷикистон ӯ ба сарояндагӣ оғоз намудааст. Ин духтар дар Тоҷикистон баробари пешхизматӣ дар кафею тарабхонаҳо репсароиро низ машқ кардааст ва чор моҳ пеш ба далели он, ки вазъ дар Афғонистон нисбатан муътадил шудааст, ба Ватан баргаштааст.
Ӯ мегӯяд, тайи ин муддати кӯтоҳ барои рақсу сарояндагияш дар Афғонистон чандин бор мавриди ҳамлаю таҳдид қарор гирифтааст: “Ҷомеаи Афғонистон барои қабули духтаре, ки месарояд, рақс мекунад, озодфикр аст, омода нест.”
Бо вуҷуд Сурурӣ таъкид мекунад, ки санъаташро идома медиҳад ва бо сурудҳояш масъалагузорӣ хоҳад кард, ки то кай зани афғон зӯровариро тоқат хоҳад кард ва чаро аз мардҳо бояд камтар бошад.