Қирғизистон аз барқи Тоҷикистон “рӯй гардондааст”
“Барқи тоҷик” мегӯяд, ба Қирғизистон барои хариди нерӯ аз Тоҷикистон расман пешниҳод ирсол намудаанд, аммо ҷониби ҳамсоя то ҳол розигияшро баён надоштааст.
Абдулло Қурбонов, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, айни ҳол фурӯши барқ аз Тоҷикистон асосан ба Афғонистон сурат гирифтааст: “Бо Қирғизистон асосан табодул сурат мегирад.”
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” дар маҷмуъ дар шаш моҳи аввали соли равон 361,7 миллион килловат нерӯ содир шудааст, ки 349,7 миллионаш ба Афғонистон рост меояд. Қурбонов мегӯяд ба Афғонистон ҳар киловат барқ тариқи хатти интиқоли 220 Квт бо нархи 3,6 сентӣ ва тавассути хатти интиқоли 110 Квт ба ивази 2,5 сентӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон иқтидор дорад, дар фасли гармо ҳудуди 6 миллиард килловат нерӯи барқро истеҳсол намояду аз ҳисоби фурӯшаш ба хориҷ беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ба даст орад, аммо ба далели пайдо накардани муштариёни мавсимӣ ва набудани хатти интиқол ин миқдор пул ҳамасола ба об меравад.