Генерали амрикоӣ Раҳмонро аз фаъолони амният дар минтақа донист
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми июл, фармондеҳи Ситоди марказии Амрико, генерал Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар медиҳад, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуда, аз равобиту ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ гардид.
Генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба президент ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуот, зимни ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштаанд.