Кумитаи сармоягузорӣ: Боздошти Зайд сармоягузоронро намегурезонад
Мақомоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси “Тоҷикистони нав”, сармоягузорони хориҷиро, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштанд, намегурезонад.
Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини аввали раиси Кумита, рӯзи 30-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ин гуна тоҷироне, ки бо сармоягузорони хориҷӣ ҳамкорӣ доштанду боздошт гардидаанд, Зайд Саидовро мешиносад ва чунин ҳолат зиёд нест. “Аз дигаронаш хабар надорам ва дар бораи ин тоҷир, ки парвандааш дар тафтишот аст, чизе гуфта наметавонам”,-афзуд ӯ.
Оқои Раҳматбоев дар идома аз муносибати бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ дар мавриди шеваи муносибаташон бо сармоягузорону соҳибкорон изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, яке аз омилҳое, ки соҳибкронро намегузорад ба ҷуз аз пойтахт, дар дигар минтақаҳо сармоягузорӣ намоянд, ин муносибати бади роҳбарон ва мақомоти маҳаллӣ мебошад.
“Аксаран муносибат бо соҳибкорон хуб нест, онҳоро ба мушкил дучор месозанд. Ин вазъ бештар ба минтақаи Хатлон рабт дорад”,-гуфт ӯ.
Раҳматбоев илова намуд, бештари сармоягузориҳо ба Душанбе рост меоянд ва аксари сармоягузорон низ дар марказ сармоягузорӣ кардан мехоҳанд. Бар асоси иттилои Шӯҳратҷон Раҳматбоев, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 182,2 миллион долларро ташкил намудааст, ки аз ин 62,4 миллионашро сармоягузории мустақим, 119,5 миллионаш қарзҳои ҷалбнамудаи корхонаву ташкилот мебошад.