Шариф Раҳимзода: "Мард шаведу биёед, бо маоши ман кор кунед"
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз мунтақидони ҳукумат даъват кард, ки биёянду дар мансабҳои давлатӣ кор кунанд.
Оқои Раҳимзода рӯзи 30-юми июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "ҳоло бисёриҳо аз дур, аз ҷумла аз хориҷ истода доду вой мекунанд, ки мо зӯр. Шумо зӯр бошеду ватандӯсту ватанхоҳ бошед, биёед, дар қатори ман бо маоши ман кор кунед. Худашон дар хориҷ ё худ созмонҳои хориҷӣ то 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ маош мегиранду доду вой мекунанд.”
Раҳимзода дар мавриди кор дар вазорати зертобеаш гуфт, “баъд аз донишгоҳ мебиёянд, талош мекунанд, ки ба кор қабул гарданд. Вақте фармони қабулашон баромаду ҳаҷми маошашонро диданд, баъд аз чанд муддат корро партофта мераванд. Дар мо маош барои нафароне, ки баъди донишгоҳ меоянд, аз 457 сомонӣ сар мешавад.”
Вазири рушди иқтисод ва савдо ба масъалаи таносуби маош бо нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дахл карда, эътироф намуд, ки маошҳо пастанд: “Аммо пешравӣ ҳаст. Аз ҷумла, маош дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 25-30 фоиз боло рафтааст. Сатҳи таваррум бошад, дар нимсола ҳамагӣ 1,6 дарсадро ташкил медиҳад.”
Ба иттилои Раҳимзода, айни ҳол дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 200 сомонӣ буда, маоши миёна ба 690 сомонӣ баробар аст.