Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи пулшӯйӣ ҷой надорад
«Овозаҳо дар мавриди пулшӯйӣ дар Тоҷикистон асоси воқеъӣ надоранд.
Масъулини ҳукумати Русия иддаои бепояро ба расонаҳо иброз доштаанд, ҷумҳурии мо дар рӯйхати сиёҳи пулшӯйӣ нест». Ин нуктаро Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали райиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамон вақт, аниқтараш дар моҳи ноябри соли гузашта, пас аз изҳороти пахшшуда, комиссия вижа таъсис ёфт ва ин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор дод.
Номбурда афзуд, дар ҷаҳон якчанд созмонҳо вобаста ба раванди назорати ин соҳа фаъолият доранд, ки дар ҳар кишвар таҳлилҳои худро анҷом медиҳанд. Мо вобаста ба ҳамаи паҳлӯ ва ҷузъиёти мавзӯъ маводҳоро гирд оварда исбот кардем, ки Тоҷикистон ҷавобгуи ҳамаи талаботҳои муҳимтарини меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.Зимнан, дар ҳамойишҳои сатҳи байналмилалӣ низ борҳо қайд гардид, ки Тоҷикистон шаффофияти бонкӣ дорад ва лоиқи рӯйхати сиёҳи пулшӯйӣ нест. {jathumbnail off}