Аввалин ҷабрдидаҳо аз гармои шадид дар Тоҷикистон
Дар пайи болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво, ки дар ноҳияи Шаҳритус ва Айвоҷ - яке аз нуқтаҳои гармтарини Тоҷикистон то ба 60 дараҷа расидааст, се нафар зарар дидаанд.
Шералӣ Бузмаков, сардори Раёсати тандурустии Хатлон мегӯяд, дар ноҳияи Шаҳритус се нафар осеби ҷисмонӣ дидаанд: “Аз инҳо як нафараш зан мебошад, ки дар сари замини пахта аз ҳуш рафтааст ва ду нафари дигараш пиронсол будаанд, ки фишори хунашон баланд гардидааст.”
Бузмаков инчунин афзуд, ки пас аз ба эътидол омадани ҳарорати аз меъёр баланди ҳаво, дар радифи бемориҳои домана, дарунрав ва ҳоказо, сарзании яке аз касалиҳои вахим - вабо низ аз эҳтимол дур нест.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон яке аз интиқолдиҳандаҳои ин бемориро дарёи Панҷ гуфт. “Дар ҶИ Афғонистон, ки бо мо ҳамсарҳад аст, ҳомилон - гирифторони ин беморӣ кам нестанд. Бинобар ин, мо бояд аз оби ноҷӯшонида истеъмол нанамоем ва оббозии аҳолиро дар наҳрҳое, ки обашон барои истеъмол пешбинӣ гардидааст, зери назорати қатъӣ гирем. Зеро баъзе нафароне ҳастанд, ки организмашон хусусияти микробхориҷкунӣ дорад, аммо мо онро ошкор карда наметавонем”,-гуфт табиби рақами 1-и вилояти Хатлон ва афзуд, ки аз истифодаи тарбузу харбузаи зери офтоб нигоҳдоришуда низ ҳадди ақалл то сипарӣ гаштани ин вазъи хатарзо истиҳола варзида шавад.
Дар ҳамин ҳол, сардори Маркази санитарӣ-эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков мегӯяд, ки вазъи кишвари ҳамсояро ба инобат гирифта, ҳамасола дар айёми фасли гармо ҳар ҳафта оби рӯди Панҷ барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешавад. “Сар задани ин гуна бемориҳо ҳеҷ ҷойи пешгӯӣ кардан ё рад кардан надорад, аммо зӯрии соҳаи тандурустӣ дар он аст, ки ҳангоми нав сар задани бемории вабо онро зуд фурӯ нишонад, яъне нагузорад, ки он паҳн гардад”,-афзуд Бояков.