Муфтиёти Қирғизистон: Ҳоло рӯзи дақиқи Иди фитр маълум нест
Идораи муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, ҳоло маълум нест, Иди фитр дар ин кишвар кадом рӯз таҷлил мешавад.
Эсен Омуракунов, котиби матбуотии Идораи муфтиёти Қирғизистон гуфтааст, санаи дақиқи таҷлили Иди фитр дар ин кишвар танҳо баъд аз рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ маълум мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи Иди фитр дар Қирғизистон тахминан рӯзи 7 ё 8-уми августи соли ҷорӣ таҷлил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали ин ид дар варзишгоҳи ба номи Коҷомкул намоишгоҳи маҳсулоти ҳалол баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон фарорасии ин рӯзро дар кишвар эълон намуда, ба гуфтаи онҳо рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ нахустин рӯзи Иди фитр мебошад.