Дидори вакилон бо Зайд Саидов ва номаи Нигина Холиқова
Имрӯз, якуми август, вакилони мудофеи Зайд Саидов бо нафари таҳти ҳимояташон дидору мулоқот анҷом додаанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Саидов, ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот дар бинои Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
“Ин як раванди корҳои тафтишотӣ буд. Ҳоло мо ҷузъиёти ин суҳбатро ошкор карда наметавонем”,-афзуд Табаров. Вале ин вакили мудофеъ гуфт, Зайд Саидов дар ҳузури онҳо як каме аз вазъи саломатиш шикоят кардааст.
Мусоиҳиби мо дар идома ба номаи Нигина Холиқова, вакили мудофеи духтари даъвогар алайҳи Зайд Саидов ҳам ишора кард. Ин духтар, ки то ҳоло аз ӯ ном бурда намешавад, қаблан бо аризае ба номи Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ гуфта буд, Зайд Саидов ба номусаш таҷовуз карда ва ҳоло ӯ як тифл дорад. Нигина Холиқова, адвокати ин духтари даъвогар алайҳи Саидов, бо навиштани як нома гуфтааст, онҳо имкони ифшо кардани номи зерҳимояашро надоранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин духтар дар оянда издивоҷ карда, ба зиндагияш идома хоҳад дод.
Хонум Холиқова дар ин нома, ки зоҳиран дар посух ба ҳарфҳои вакилони мудофки Зайд Саидов навишта шудааст, ки гуфтанд, ин даъвогари таҷовуз ба номусро надидаву намедонанд ӯ кист. Холиқова дар ин номаи худ мегӯяд, " ҳанӯз пеш аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Зайд Саидов дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ намояндаи қонунии вай ҳастам ва ҳуқуқу манфиатҳои ин духтари ноболиғро ҳимоя мекунам."
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ҳарчанд дар мактуб ишора шудааст, ки вакили мудофеи шахси ҷабрдида аз маслиҳатхонаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта шудааст, аммо ҳоло муносибати кориро ба роҳ намондаанд.