Фирорӣ аз ҳабс баъди се рӯз дар Ҳисор боздошт шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд Далер Ҷалолов, муттаҳам ба куштор, ки аз ҳабс дар ноҳияи Рӯдакӣ фирор кардааст, рӯзи якуми август дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ дар таърихи 29 июли соли 2013, тахминан соати 12:00-дақиқа, Далер Ҷалолов, ки бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешуд, ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз бинои Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳраки Сомониён, кӯчаи Сомонӣ фирор кардаст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, фирорӣ дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Алмосӣ, деҳаи Тутак дастгир гардид ва айни хол дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.