Бархурди мӯйсафеди 78-солаи харсавор бо “Опел-Астра”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи бархурди мошини “Опел-Астра” бо харароба дар ноҳияи Ҳамадонӣ, мӯйсафеди 78-сола ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ рӯзи 2-юми август, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Қувватов Мади Миракович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ба шаҳраки Москваи ин ноҳия, дар километри 8-уми роҳи автомобилгарди марказӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрванд Маҳмудов Мадхон, соли таваллудаш 1935, сокини деҳаи Гулистонро, ки бо харароба бо канори рости роҳ ба самти шаҳраки Москва ҳаракат мекардааст, пахш намудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа Маҳмудов Мадхон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.