Нахустин дастовардҳои раис ва сохтори нави "Барқи тоҷик"
Ширкати "Барқи тоҷик", ки як моҳ қабл роҳбарияти он иваз шуд, аз аввалин бурдбориҳояш дар моҳи сипаришуда хабар дод.
Раёсати «Фурӯши барқ»-и ширкати холдингии «Барқи Тоҷик» дар моҳи июли соли ҷорӣ 57 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ кардааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи Тоҷик» ба «Озодагон» гуфт, ин рақам дар қиёс ба моҳи пешӣ, 16 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ бо фармони раиси ширкати «Барқи Тоҷик» дар ширкат сохтори Раёсати «Фурӯши барқ» соҳиби ваколати зиёдтар гардида, роҳбарияти он низ иваз шуд, ки ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ «мақсад аз ин барҳам додани камбудиҳо ҷиҳати ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, кам намудани қарз ва тақвияти кор бо қарздорон буд».
Сухангӯи ширкатит «Барқи Тоҷик» афзуд, ки «фактҳо шаҳодат медиҳанд ин тадбир самари аввали худро овард. Ҳоло аксари корхонаҳои зертобеи ширкат сари вақт бо маош таъмин шуда истодаанд. Раёсати «Фурӯши барқ» ният дорад, ки ҷамъоварии моҳонаи барқ ва пардохти қарзҳои пешинаро ба маротиб афзун намояд».
Ба иттилои манбаъ, соли 2010 баъзе аз ваколатҳои Раёсати «Фурӯши барқ»-ро ба дигар ниҳодҳо, аз қабили шабакаҳои барқ вогузор карданд. Аммо аз оғози моҳи гузашта он дигарбора мухторият ёфт.