Тоҷикони лагери Маскав мехоҳанд, зудтар ба Ватан баргарданд
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирон дидан карда, муайян намудааст, ки аз 300 бошандаи он, 10 нафар шаҳрвандони тоҷик мебошанд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт 5-уми август, Абукарим Абдураҳимов ва Афзалӣ Саидҷаъфаров аз лагери муваққатӣ, ки барои нигоҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар гузаргоҳи Иртиш-2, ноҳияи Голяновои, вилояти Маскав таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар мавриди шароити лагер сафорати Тоҷикистон меафзояд, ки он ҷо теъдоди зиёди хаймаҳо барои хоби боздоштшудагон омода шуда, ин мавзеъ бо ҳоҷатхонаҳо ва кабинаҳои оббозӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол аз Тоҷикистон дар ин лагер 10 нафар, аз ҷумла Нусратулло Ризвоншоеви 42 сола, сокини ноҳияи Ҷ.Руми, Акбар Валиеви 51 сола, сокини ноҳияи Муминобод, Абдулҳалим Ҳусайнови 38 сола, сокини шаҳри Кулоб, Мирсаид Ганжалови 23 сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, Абдураҳмон Назарови 21 сола, сокини ноҳияи Қумсангир, Фурқат Баҳромови 26 сола, сокини ноҳияи Ҳисор, Исмоил Нурбекови 20 сола, сокини ноҳияи Ҷиликўл, Бахталй Қувватови 22 сола, сокини ноҳияи Ёвон, А. Самадови 18 сола, сокини шаҳри Душанбе, Ҷаҳонгир Раҳимови 22 сола, сокини шаҳри Кӯлоб нигоҳдорӣ мешаванд.
Муҳоҷирони тоҷик ба масъулини сафорат аз камбудиҳо ва танқисиҳои худ дар ин лагер шикоят намуда, хоҳиш намудаанд, ки барои интиқоли зудтари онҳо ба Ватан мусоидат кунанд.
Намояндагии Тоҷикистон аз қавли мақомоти судии Маскав мегӯяд, нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми вайрон намудани қоидаҳои будубош дар қаламрави Россия айб эълон карда шуда, аксарияти онҳо ба маблағи муайяншудаи дар ҳаҷми то 2000 рубл ҷарима карда мешаванд. Сафорат мегӯяд, нисбати шаҳрванди боздоштшуда қарор судӣ бароварда шудааст ва бо интиҳои муддати муайяншуда, 10 рӯз, ки айбордшаванда метавонад барои аз нав баррасии парвандааш арз кунад, ҳукми таъингардида амалӣ мешавад.