Посухи Кумитаи радио ва телевизион ба Муҳиддин Кабирӣ
Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ посух дода, маъракаи махсуси иттилоотиро алайҳи ин ҳизб дар телевизионҳои давлатӣ рад мекунад.
Дар посухи Кумитаи телевизион, ки рӯзи 5-уми август, зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизион ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд. Сиддиқов зикр мекунад, ки агар ҲНИТ гузоришҳои ахирро аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишвар дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”
Кумитаи телевизион таъкид намудааст, ки шабакаҳо уҳдадор нестанд вобаста ба назари иштирокчиёни ҷамъомадҳо, ки ҳамарӯза даҳҳо адад пахш мешаванд, раддияи ҷониби дигарро низ дар барномаҳо ҷой диҳад. Сиддиқов мақсад аз фаъолияти Кумитаи телевизионро таҳкими сулҳу субот ва рушди кишвар гуфта, афзудааст, ки “итминони комил дорам, субот дар кишвар устувор аст ва дигар ҳеч қувваю амале наметавонад ба он “зарба занад.”
Ӯ дар охир таъкид намудааст, ки Кумитаи радио ва телевизион бо ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда, дастрасиро ба шабакаҳои телевизиону радио барои ҳамаашон баробар таъмин намудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, талаб кардааст, барои пахши раддия ба онҳо низ шароит фароҳам оварад. Дар номаи Кабирӣ омадааст, “вақтҳои охир дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ маъракаи васеи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки гоҳо дар он таҳқиру буҳтон низ ҷой дорад.”
Раиси ҲНИТ чунин амалкардро хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдати миллӣ номида ва гуфтааст, “он ба якпорчагӣ ва суботи кишвар зарба мезанад”. “Агар мақсад аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ ва плюроализми сиёсӣ бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар ҳам дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардад”,-афзудааст ӯ.
Дар поёни номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Асадулло Раҳмонов таъкид шудааст, ки “аз ин рӯ, дар асоси моддаи 15-и Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва моддаи 24-и Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Шумо талаб менамояд, шароитро ба масъулини ҳизбӣ барои раддия дар ҳамон воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ҳамон вақти пахшгардида, таъмин намоед.”
Ба дунболи дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон дар рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ, барномаҳои мухталифе дар шабакаҳои радиои ва телевизиони Тоҷикистон пахш шуданд, ки аксарияташон аз фаъолияти ҳизби динии исломӣ дар кишвар интиқод карда, онро нозарур медонанд.