Шоҳиён: То интихобот бисёри муҳоҷирон бармегарданд
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ҷамъоварии имзоҳо миёни муҳоҷирони тоҷик ба тарафдории номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябр, баъди эълони санаи баргузории интихобот, муайян хоҳад шуд.
Шоҳиён дар посух ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки ҳафтаи гузашта аз комиссияи интихобот хост, ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷи Тоҷикистон рӯшанӣ андозад, гуфтааст, ки баъди дақиқ шудани санаи интихобот, бо қарори махсуси Комиссия тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзади пешбаришаванда муайян хоҳад шуд.
Дар посухи Шоҳиён аз ҷумла гуфтаҳои Кабирӣ дар мавриди иқомати беш 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ рад шуда, иттилоъ дода мешавад, ки “тибқи иттилои аз мақомоти марбута расида, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ айни ҳол аз 800-900 ҳазор зиёд набуда, ин теъдод дар моҳҳои октябр ноябр хеле кам мегардад, чун бисёри муҳоҷирони мавсимӣ бармегарданд.”
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъкид мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон талош мекунанд, то теъдоди ҳар чӣ бештари муҳоҷирон дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон ширкат варзанд.
Дар охир Шоҳиён аз аҳзоби сиёсии кишвар даъват намудааст, ки дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат намуда, барои шафофу демократӣ, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ гузаштани он мусоидат кунанд.
Ҳафтаи гузашта раиси ҲНИТ аз комиссия хоста буд, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз Тоҷикистонро шарҳ диҳад: “Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шаҳрвандони ҶТ тарафдорӣ карда шавад. Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”
Бо зикри ин Кабирӣ аз КМИР хоҳиш намудааст, ки то масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи бланкаҳои имзоҳоро дорад, тавзеҳ диҳад.
Баробари ин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, “роҳбарияти КМИР то эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеъагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.”