Раҳмон дар бораи озодии дин, Иди Фитр, худнамоӣ ва исроф
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, давлат ва ҳукумат озодии дину виҷдон ва эътиқоди сокинони мусалмони кишварро кафолат медиҳад. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи ҳафтуми август ҳангоми қироати паёми телевизиониаш бахшида ба Иди саиди Фитр ё Рамазон баён дошт.
Оқои Раҳмон дар ин паёми худ моҳи мубораки Рамазон ва Иди саиди Фитрро аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо номида ва гуфт, ин ду “беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.”
“Дар ин рӯзи саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад”,-афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати табрикотиаш ба мардуми кишвар гуфт, “мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.”
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳиму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст. “Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардидаро ба ҷо оварем”,-таъкид дошт ӯ.
Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон субҳи рӯзи ҳаштуми август бо гузоштани намози ид дар масоҷиди ҷомеаи кишвар оғоз меёбад. Ин рӯз дар тақвимҳои Тоҷикистон бо хатти сурх ё қирмиз ишора шуда, рӯзи таътил мебошад.