Талаботи нави Убайдуллоев аз сохтмончиёни биноҳои бисёрошёна
Дар пасманзари афзоиши сохтмони биноҳои нави бисёрошёна дар Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр пеши бунёдкунандагони ин биноҳо талаботи нав гузоштааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири ҳукумати Душанбе, баъди таҳлили муфассали иқтидори мавҷудаи хатҳои барқ об ва газ дар Душанбе муқаррар намудааст, ки минбаъд, бунёди иншоотҳо, бе кашидани хатҳои нави муҳандисӣ,--оби нӯшокию коррезӣ, барқ, оби гарму гармӣ, гази табиӣ иҷозат дода нахоҳад шуд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин муқаррарот бо хулоса аз ҳолати мавҷудаи истифодаву хизматрасонии инфраструктураи шаҳр ҷорӣ карда мешавад.
Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар бахши сохтмони манзил дар пойтахт шароити мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва ин барои коҳиш додан ва ё ҳадди ақал нигоҳ доштани нарх дар бозори манзилӣ гаштааст.
Аммо ба таъкиди мақомот баъди хусусигардонии иншоот, дар заминаи он бунёд намудани биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадори истиқоматӣ имкон дорад дар системаи муҳандисии хизматрасон мушкилиҳо пеш омода, боиси аз фаъолият бозмондани хатҳои инфрасохтории амалкунанда гардад. Дар ин росто қарор шудааст, ки ҷойгиркунии иншоотҳо дар асоси бозпурсии андешаҳои сокинони атрофи он амалӣ карда хоҳад шуд.