Тақозои Зоиров барои муҷозоти ташкилкунандагони лагер
Раҳматилло Зоиров, роҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирони мехнатиро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудаанд, хилофи қонунгузории Русия, аз он ҷумла Сарқонуни ин кишвар гуфт.
Зоиров таъкид менамояд, ки ин амали мақомоти рус бояд мувофиқи моддаи 127-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, баррасӣ гардад.
Зоиров, имрӯз, 10-уми август, бо пахши изҳорот, ба роҳбарони Федератсияи Русия, аз ҷумла ба мақомоти пулис, Хадамоти федеролии муҳоҷират ва ҳамзамон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтааст, ки ин қарори худсарона дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ғайри қобили қабул аст.
Зоиров ба мақомоти дастандаркор хотиррасон мекунад, ки бо инсон сарукор доранд ва мувофиқи сарконуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон арзиши олитарин буда, қонунӣ будани ҳар амал ва иҷроиши қавонин аз ҷониби кулли шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ – маҳз ба он нигаронда шудааст: “Аз ҳамаи он масъулине, ки ба қабули ин қарорҳо даст мезананд, хоҳиш мекунам, ки ба Сарқонуни ва қонунҳои кишвари худ, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, уҳдадории давлат дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтиром дошта бошанд.”