Як шаҳрванди бедаракшудаи Чин дар Кобул ёфт шудааст
Яке аз ду шаҳрванди бедаракшудаи Хитойро дар шаҳри Кобул пайдо кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳо. Тақдири яки дигар ҳанӯз рушан нест.
Дар мавриди ин ки шаҳрванди Чинро аз куҷо пайдо кардаанд маълумоте дода нашудааст, аммо ба иттилои хабаргузориҳо «ӯро ба ҷои амн интиқол додаанд».
Ёдовар мешавем, қаблан сафорати Хитой дар Афғонистон дар изҳороте навишт, се шаҳрванди ин кишвар дар манзили иҷораашон дар Кобул кушта шуда ва ду нафари дигар бедараканд.
Сафорати Чин аз ҳукумати Афғонстон тақозо карда буд, то барои пайдо кардани омилони куштор ва ҷустуҷӯи гумшудаҳо чораҳои фаврӣ бияндешад.