“Мусиқиро дар Осиёи Миёна узбекҳо фармоиш медиҳанд”
Александр Чубаров, як низомии рус, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон курсии муовини вазири дифои Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт, гуфтааст, Ислом Каримов мехост, шимоли Тоҷикистонро ба тобеияти худ дарорад.
Торнамои маҷаллаи “Братишка” (bratishka.ru) хотироти Александр Чубаров, генерал-майори бознишастаи Сарраёсати кашшофии Русия (ГРУ)-ро, ки дар панҷ артиш –Шӯравӣ, Афғонистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Русия хизмат намудааст, пешниҳоди хонандаи худ кардааст. Чубаров замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муовини вазири дифоъ буда, муаллифи матлаб ӯро яке аз афсароне номидааст, ки хизматаш дар таҳкими сулҳи минтақа хеле зиёд мебошад. “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бисёре аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нафароне, ки ҳамроҳ бо Александр Сергеевич нагузоштанд, то ошубгарони исломӣ ҳукуматро соҳиб шаванд, зиёд қарздоранд. Чубаров ва дӯстони вай барои сари қудрат омадани сиёсатмадорони мутавассит, ки Русия дар оянда тавонад бо онҳо ҳамкорӣ намояд, шароит фароҳам сохтанд”,-навиштааст муаллиф.
Дар идомаи матлаб хотироти худи Александр Чубаров аз ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ тавр ба курсии муовини вазири дифоъ нишастанаш оварда шудааст, ки ба қавли муаллиф то имрӯз ифшо нашуда буданд.
Александр Чубаров гуфтааст, дар Тоҷикистон онҳо низоми конститутсиониро ҳифз мекарданд ва ҳамзамон афсари артиши Узбакистон буданд. Ӯ гуфтааст, президенти Узбакистон Ислом Каримов ба Фронти халқии Тоҷикистон барои аз миён бурдани мухолифон кӯмак мекард. Ба қавли Чубаров Каримов мақсадҳои худро ҳам дошт: “Мехост қисмати шимоли Тоҷикистонро, ки беш аз сад корхона ва комплексҳои пурзури ҳарбӣ-саноатии фаъол дошт, аз худ кунад. Аммо ба ин мақсадаш нарасид”,-гуфтааст ӯ.
Вай ҳамчунин хотироташро аз Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов баён кардааст. Сангакро шахси боақл, зирак ва дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ таъриф кардааст, ки барои расидан ба ҳадаф қонуну қавоидро сарфи назар мекард. Файзалиро бошад, шахси девонаавзо номидааст, ки аз ҳеч амале рӯй намегардонд.
Александр Чубаров ҳолати ба вазифаи муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин шуданашро ин гуна нақл кардааст: “Маро Рустам Урмонович Ахмедов, вазири дифои Узбакистон фавран аз Тоҷикисон ба Тошкент даъват кард. Он ҷо Павел Грачев, вазири мудофиаи Русияро ҳам дидам...
Ахмедов аз ман пурсид:
- Омодаи хизмат кардан дар Тоҷикистон ҳастӣ? Бояд фавран онҷо бозгардӣ! Вазифаи ту давоми якуним моҳ таъсиси бригадаи спетсназ аст.
Пурсидам:
- Ман ба ҳайси кӣ кор мекунам?
- Аз уҳдааш бароӣ - ҳамон ҷо мегӯем!
Рӯзи дигар боз маро Рустам Урманович даъват кард... Ҳангоми ҳайрухуш аз ман пурсид:
- Чубаров, медонӣ, ки дар Осиёи Марказӣ мусиқиро кӣ фармоиш медиҳад?
- Намедонам, рафиқ вазири мудофиа! –посух додам.
- Чубаров, дар Осиёи Миёна мусиқиро узбекҳо фармоиш медиҳанд! Дар хотир дошта бош- ҳамин хел буд ва ҳамеша чунин хоҳад монд".
Чубаров гуфтааст, баъдан маълум кард, ки фармони дар Тоҷикистон вазифа гирифтанашро Ислом Каримов дода будааст.
Ба қавли Александр Чубаров дар пайи интрига ва фишорҳо аз сӯи раҳбарияти нави Тоҷикистон, ки барои маҳви шоҳидони он ҷанги номаълум талош мекарданд, ба Русия рафтааст.