Муроҷиати Зоиров ба Додситони генералии Русия
Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, дар пасманзари фишорҳои навбатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ба унвонии додситони кулли Русия ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Маскав муроҷиатномаи расмӣ фиристодааст.
Раҳматилло Зойров дар муроҷиатномаи худ аз вазъи муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз додситони кул ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Русия хостааст, то ба ин ҳолат баҳои ҳуқуқӣ дода, аз қабули қарори таҳлилнашуда ҷилавгирӣ намоянд. Зойиров даъват кардааст, то масъулини Русия, ки масоили марбут ба ҳуқуқи инсон ва муҳоҷиронро қабул мекунанд, ба Сарқонуни ФР, ҳуқуқ ва озодии инсон эҳтиром гузоранд.
Раҳматило Зойиров, ки ду рӯз боз дар шаҳри Маскав қарор дорад, зикр намудааст, ки замоне ин шаҳр пойтахти ягонаи ватани ҳамаи мо Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар монеа набуда, сарчашмаи захоир ва рушд мебошад. Зойиров бо такя ба иттилои мақомоти рус, навиштааст, ки барои муҳоҷирони боздоштшуда дар Маскав макони ҷадиди нигаҳдорӣ интихоб мекунанд: “Дар баробари лагери Голяново дар назди Маскав пулиси ин шаҳр 3 майдони дигарро барои ҷойгир кардани муҳоҷирон ҷустуҷӯ доранд. Пулиси Маскав гуфтааст, ки барои онҳо ҷойҳое лозим мешавад, ки то 2 ҳазор нафарро ҷой карда тавонанд.”
Раҳматилло Зойиров аз ин омодагии пулиси Маскав изҳори ташвиш карда, мегӯяд, ки ин маънои оғози ихроҷи оммавии муҳоҷирони меҳнатиро дорад. Ӯ суол гузоштааст, ки он асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ қарор доранд ва чаро то имруз расман амалӣ намешаванд?
Зойиров, қаблан бо пахши як изҳорот, лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирони мехнатиро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудаанд, хилофи қонунгузории Русия, аз он ҷумла Сарқонуни ин кишвар гуфт. Зоиров таъкид менамояд, ки ин амали мақомоти рус бояд мувофиқи моддаи 127-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, баррасӣ гардад. Зоиров ба мақомоти дастандаркор хотиррасон мекунад, ки бо инсон сарукор доранд ва мувофиқи сарконуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон арзиши олитарин буда, қонунӣ будани ҳар амал ва иҷроиши қавонин аз ҷониби кулли шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ – маҳз ба он нигаронда шудааст
Маврид ба зикр аст, ки марказ барои нигаҳдории муҳоҷирон дар Голяново таърихи 31-уми июл, баъд аз ду рӯзи рейди пулис дар бозорҳои Маскав таъсис дода шуд. Айни замон дар майдони мазкур 586 нафар нигоҳдорӣ мешаванд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Ветнам мебошанд. Тибқи иттилоъ дар лагери Голяново 11 нафар ва дар шаҳри Санкт Петербург 44 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.