Виталий Кличко мехоҳад барои курсии президентӣ мубориза намояд
Виталий Кличко, муштзани маъруф ва раҳбари ҳизби “ЗАРБА” ё «УДАР» қасд дорад, муддаии курсии президентӣ дар Украина шавад.
Торнамои Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) навиштааст, зимни мулоқот бо Хосе Сулаймон, президенти WBC қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс изҳор доштааст, ки мехоҳад ширкаташро дар сиёсат идома дода, дар интихоботи соли 2015-и раёсатҷумҳурии Украина номзад шавад.
Ба қавли Кличко бокс дар бештари маврид ба “зиндагии сиёси”-аш кӯмак мерасонад.
Коршиносон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд дар интихоботи оянда рақиби аслии Виталий Кличко президенти амалкунандаи Украина Виктор Янукович бошад, ки қаблан гуфта буд, мехоҳад барои даври дуюм низ номзад бошад.