Ҳулбукро бо бозёфтҳо аз захираи Академияи улум ғанӣ мекунанд
Аз пойгоҳи захиравии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон як миқдор бозёфтҳо ва гаҷкориҳо барои ғанӣ гардонидани фонди осорхонаи мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук супорида шуданд.
Бино ба иттилои Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи вазорати фарҳанг, бозёфтҳо ва гаҷкориҳо мансуб ба қарнҳои Х-ХI мелодӣ, ки солҳои 70-80-уми қарни гузашта ҳангоми гузаронидани корҳои бостоншиносӣ аз қасри шоҳони Хуттал- шаҳри Ҳулбук бозёфт гардида буданд ба фонди осорхонаи мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук супорида шуданд.
Раҳматулло Раҳматуллоев дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” инчунин афзуд, ки “ин иқдом дар ҳолати баъди бозсозии осорхонаи Ҳулбук, ки ҳоло дар арафаи анҷомёбист дастоварди бузурги илму фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад”.
Бояд қайд кард, ки шаҳраки Ҳулбук алакай ба рӯйхати пешакии “ЮНЕСКО” ворид гардидааст ва дар минтақаи Осиёи Миёна ягона ёдгорие мебошад, ки дорои чунин миқдори зиёди гаҷкориҳо ва навиштаҷоти кӯфӣ аст.